Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лукашенко оқибат ба Аврупои ғарбӣ сафар мекунад


Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус имрӯз ба Ватикан сафар мекунад. Ин нахустин ташрифи ӯ ба Аврупои ғарбӣ дар 14 соли ахир аст. Қарор аст, ки рӯзи душанбе Попи Рум Бенедикти 16 Александр Лукашенкоро ба ҳузур бипазирад. Нозирон ҳадс мезананд, ки шояд Александр Лукашенко масъулияти миёнҷигарӣ дар ташкили мулоқоти пешвоёни Калисои католикии Рум ва Калисои ортодокси русро бар дӯш бигирад. Мавзӯъи мулоқоти Попи Рум ва Асқафи Маскав ва кулли Русия чанд сол боз матраҳ мешавад ва аммо ҳар бор мухолифати зиёд миёни ду калисо садди роҳи баргузории ин дидору гуфтугӯ мегардад.
XS
SM
MD
LG