Пайвандҳои дастрасӣ

Роксана Собирӣ гуруснанишинӣ эълон кард


Роксана Собирӣ, хабарнигори эронитабори амрикоӣ, ки айни ҳол бандии зиндони Теҳрон аст, гуруснанишинӣ эълон кардааст. Дар ин бора падараш Ризо Собирӣ ба хабаргузории France Press иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, Роксана ба нишони эътироз алайҳи ҳукми додгоҳи Эрон панҷ рӯз пеш даст ба гуруснанишинӣ задааст. Роксана Собирӣ, ки барои расонаҳои амрикоӣ гузориш таҳия мекард, ҳамин моҳ бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Амрико барои 8 сол маҳкум ба зиндон шуд. ИМА ва созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар чандин бор аз мақомоти Эрон даъват карданд, ки хабарнигорро озод намоянд.
XS
SM
MD
LG