Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталабона дар қароргоҳи волии Қандаҳор


Субҳи имрӯз маргталабҳо ба қароргоҳи волии вилояти Қандаҳори Афғонистон ҳамла карданд. Тибқи иттилоъи расида, дар ин ҳодиса дасти кам се корманди полис кушта шуда, се тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба волии Қандаҳор осебе нарасидааст. Гуфта мешавад, ки маргталабҳо талош карданд то вориди бино шаванд ва аммо муҳофизон садди роҳи онҳо шуданд. Ва маргталабҳо худро дар ҳавлии қароргоҳи волӣ инфиҷор карданд.
XS
SM
MD
LG