Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дэвид Дюк аз Чехия ихроҷ карда мешавад


Мақомоти Ҷумҳурии Чех Дэвид Дюк, раҳбари собиқи созмони нажодпарастии амрикоии "Ку-Клукс-Клан"-ро аз кишвар берун мекунанд. Ӯ дирӯз дар Прага бо иттиҳоми тарғиби ифротгароӣ боздошт шуд. Дэвид Дюк мехост дар маҳфилҳои нажодпарастони Чехия суханронӣ кунад ва тарҷумаи китоби худ ба забони чехиро муаррифӣ намояд. Гуфта мешавад, дар ин китоб муаллиф, аз ҷумла, Ҳолокостро рад кардааст. Дэвид Дюк дар сӯҳбат бо нашрияи “Право”, чопи Прага гуфтааст, ки дар таъқиби ӯ ифротгароҳои яҳудӣ айбдоранд.
XS
SM
MD
LG