Пайвандҳои дастрасӣ

Хуруҷи "зукоми хук" дар Мексика


Дар Мексика теъдоди афроде, ки бар асари “зукоми хук” ба ҳалокат расидаанд, шояд то ба 60 нафар бирасад. Хосе Анхел Кордова, вазири ҳифзи сиҳати кишвар имрӯз хабар дод, ки ҳалокати 20 нафар бар асари ин маризии маргбор таъйид шудааст ва айни ҳол ташхиси сабабҳои марги 40 тани дигар, ки бо нишонаҳои маризии "зукоми хук" аз олам даргузаштаанд, идома дорад. Дар ИМА ба ин маризӣ 8 нафар мубтало шудаанд ва аммо ҳамагӣ наҷот ёфтанд. Айни ҳол 9 сокини аёлатҳои Калифорния ва Техас бо гумони мубталоӣ ба “зукоми хук” ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG