Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи талошҳо барои курсии сарвари Афғонистон


Дар Афғонистон имрӯз пешбарии номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳур шурӯъ шуд. Қарор аст, интихоботи раёсатиҷумҳури Афғонистон моҳи августи соли равон баргузор шавад. Ба иттилоъи расмӣ, Ҳомид Карзай барои боқӣ мондан дар курсии сарвари кишвар талош хоҳад кард. Миёни рақибони аслии ӯ - собиқ вазири умури хориҷа Абдулло Абдулло, вазирони пешини молия Ашраф Ғанӣ ва Анвар Аҳадӣ ва ҳамчунин волии Нангарҳор Гул Оғо Шерзай номбар мешаванд. Зикриё Борикзай, муовини раиси Комиссиюни интихоботии Афғонистон ба хабаргузории Reuter гуфтааст, ки раванди пешбарии номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳур ду ҳафта идома хоҳад кард.
Аз нигоҳи коршиносон, интихоботи раёсатҷумҳур намоиш хоҳад дод, ки субот дар Афғонистон то куҷо таъмин шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG