Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон Бунерро тарк карданд


Мақомоти Покистон хабар доданд, ки мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” минтақаи Бунер, воқеъ дар 100-километрии шаҳри Исломободро тарк намуданд. Ба иттилоъи расмӣ, дар атрофи Бунер нерӯҳои ҳукуматӣ мустақар шудаанд. Аз ин пеш вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс аз мақомоти Покистон даъват карда буд, ки алайҳи густариши манотиқи таҳти нуфузи "Толибон" аз чораҳои оҷил кор бигиранд.
Моҳи феврали соли равон Исломобод ба хотири хатми хушунат ва эълони оташбас дар водии Свот бо гурӯҳҳои пуштибон аз "Толибон" созиш кард ва барои ҷорӣ шудани қавонини шариат дар ин мавзеъ розӣ шуда буд. Як ҳафта пеш ин созишро раисиҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ ҳам пазируфт. Ба думболи ин мусаллаҳони мухолифи ҳукумат минтақаи Бунерро забт карданд.
Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон дирӯз ҳушдор дода буд, ки нақзи оташбас аз сӯи афроди мусаллаҳ ҳукуматро ба бознигарии созиш водор хоҳад сохт. Кишварҳои ғарбӣ аз ризояти Исломобод барои ҷорӣ шудани қавонини шариат дар Свот изҳори нигаронӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG