Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳилларӣ Клинтон вориди Ироқ шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи ИМА, субҳи имрӯз бо як сафари ғайриинтизор вориди Ироқ шуд. Интизор меравад, ки ӯ бо фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар ин кишвар Реймонд Одиерно дидору гуфтугӯ кунад. Хонум Клинтон ахиран дар робита ба мавҷи нави хушунат дар Ироқ гуфт, “ифротгароҳо аз он ҳарос доранд, ки кишвар дар самти дуруст ҳаракат мекунад”.
Рӯзҳои ахир бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Ироқ тақрибан 150 нафар ба ҳалокат расиданд. Рӯзи ҷумъа ду бомбгузори маргталаб худро дар назди дарвозаи як масҷиди мӯътабари шиаҳои Бағдод тарконданд, ки бар асари он дасти кам 55 нафар кушта шуданд. Як рӯз аз ин пеш ду таркиши мудҳиш дар Бағдод ва дар вилояти Диёла ба риштаи умри 90 нафар миқроз зада буд.
Тобистони имсол низомиёни амрикоӣ бештари шаҳрҳои бузурги Ироқро тарк хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG