Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, номаи раҳбари Бонки Ҷаҳонӣ Роберт Зеллик ба президенти Узбакистон Ислом Каримов ба онҳо рабт надорад.

Ин дар ҳолест, ки Роберт Зеллик, раҳбари Бонки Ҷаҳонӣ дар номаи худ ба Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, мувофиқ буданаш ба нигарониҳои он кишвар дар мавриди имкони камобӣ дар минтақа дар пайи эҳдоси нерӯгоҳи "Роғун"-ро изҳор дошта, гуфтааст, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар ин замина як кумиссиюни байнулмилалӣ ташкил мекунад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Давлат Назрӣ дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои "Озодӣ" гуфт, зимнан мақомоти Тоҷикистон, онҳо ба ташкили як кумисиюни мустақили байнулмилалӣ дар робита ба баррасии тарҳи экологӣ ва фаннии ин нерӯгоҳ низ мухолиф нестанд.

Ҳамзамон мақомоти кишвар гуфтаанд, сохтмони нерӯгоҳи барқии обии "Роғун"-ро идома медиҳанд ва дар ҳоле ки бо сабаби бӯҳрон Тоҷикистон аз чандин барномаи муҳими худ даст кашидааст, дар бунёди ин нерӯгоҳ ба танаффусе роҳ нахоҳад дод.

Бархе аз коршиносони тоҷик гуфтаанд, таъсиси кумиссюни байнулмилалӣ барои баррасии тарҳи экологӣ ва фаннии ин нерӯгоҳ ба манфиати Тоҷикистон аст, зеро дар ниҳояти амр нишон хоҳад дод, ки бунёди он ҳаққи ин кишвар буда, барои кишварҳои поёноб, ба вижа Узбакистон пайомадҳои манфие нахоҳад дошт.
Раиси Бонки ҷаҳонӣ Роберт Зеллик дар номаи ҷавобиаш ба раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов навиштааст, ки бо нигаронии Тошканд дар мавриди бунёди нерӯгоҳҳои ҷадид дар минтақа мувофиқ аст.

Ҷаноби Зеллик навиштааст, ки бо нигаронии Узбакистон дар мавриди мувозинати осебпазирии экологӣ дар минтақа ва зарурати таъмини ин замонат, ки истифода аз зарфиятҳои гидроэнергетикӣ боиси коҳиши ҷараёни об барои кишварҳои поёноб нахоҳад шуд, ҳамфикр аст.

Зеллик навиштааст, Бонки ҷаҳонӣ дар робита ба нерӯгоҳи Роғун танҳо ҷиҳати анҷоми омӯзиши муқаддамотии тарҳи мазкур тааҳҳуд супурда, ба вижа ба арзёбии пайомадҳои минтақавии ин тарҳ таъкид мекунад. Раҳбари Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ин ниҳод ба манзури омӯзиши тарҳи нерӯгоҳи Роғун як ҳайъати байнулмилалии иборат аз коршиносони мустақилро таъсис хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG