Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо хатми корҳои сохтмону тармим дар шоҳроҳи Душанбе–Бӯстон-Чаноқ, истифода аз он пулакӣ хоҳад шуд.

Абдураҳими Ашӯр, вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, зимни як нишасти хабарӣ эълон кард, ки қарор аст, ин шоҳроҳ то 9-уми сентябр – Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон ба истифода дода шавад. Вай инчунин гуфт, ки ҳоло лоиҳаи нархномаи ин роҳ ҳамчун нахустин таҷриба дар кишвар мавриди омӯзиш аст.

Аммо ҳоло маълум нест, вазифаи идораи харҷу дахли роҳ дар ихтиёри кадом ниҳод қарор хоҳад гирифт. Ҷаноби Ашӯр гуфт: "Вақте, ки пурра ба истифода дода шуд, бояд он ҳамеша бо технологияи муосир нигоҳ дошта шавад. Барои ҳамин лоиҳаи пулакӣ шудани роҳ омӯхта мешавад ва пас аз пурра ба истифода додан бо Вазорати савдо ва рушди иқтисод дар ин маврид мувофиқа карда мешавад."

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон, Шодӣ Шабдолов гуфт, дар шароити Тоҷикистон пулакӣ кардани роҳҳо номумкин аст. Зеро шоҳроҳҳои Тоҷикистон роҳи алтернативӣ надоранд. Вай афзуд, роҳҳо бояд дар ихтиёри давлат бошанд ва мардум аз онҳо ройгон истифода баранд.

Бозсозии шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд –Чанак, ки бар пояи наздики 300 миллион доллар маблағгузориии Чин ва тавассути ширкати низ чиноии Чайна Ровд иҷро мешавад, қарор аст, то поёни соли ҷорӣ асосан анҷом биёбад. Аммо наздик шудани замони иҷрои ин барнома дар маҳофили Тоҷикистон ин суолро ҳарчӣ бештар вирди забонҳо мегардонад, ки оё дар воқеъ баъди бозсозӣ шуданаш роҳи Душанбе –Хуҷанд пулакӣ хоҳад шуд? Ва агар шуд, пули роҳро кӣ мечинад?

Мақомоти Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон дар нишасти имрӯзаи худ гуфтанд, ки ин шоҳроҳ дар оянда ҳатман пулакӣ хоҳад шуд, вале умураш дар ихтиёри ин вазорат боқӣ мемонад, яъне хусусӣ намешавад.

Аммо мунаққидон, мегӯянд, азбаскӣ шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд танҳо масири иртиботӣ байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистон буда, масири алтернативии маҷҷоние барои ронандагону мусофирон ҷиҳати равуо аз ва ба вилояти Суғд вуҷуд надорад, пулакӣ кардани ин масири муҳим ва бидуни алтернатив коре дуруст нест.

Қарор аст, ин шоҳроҳ ба бахше аз долони байнулмилалии нақлиётии Шимол --Ҷануб табдил ёбад.
XS
SM
MD
LG