Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон Бунерро тарк мекунанд


Толибон дар Покистон ба ҷангиён амр доданд, ки вулусволиеро дар шимолу ғарби ин кишвар тарк карда дубора ба водии Свот баргарданд. Муслимхон, як сухангӯи Толибон гуфт, ки фармондеҳ Файзуллоҳ ба ҷангиёнаш амр додааст, ки Бунерро тарк кунанд. Ҳукумати Покистон моҳи феврал гуфт, ки бо ҷоришавии қонуни шариат дар ин водӣ ва манотиқи атрофи он розӣ аст. Баъди ҷангҳои дусолаи Толибон дар ин минтақа мақомоти Покистон бо Толибон як созиши оташбасе бастанд, аммо Толибон ахиран ин созишро ҳамчун баҳонае барои боз ҳам тавсеа додани домани нуфузи худ дар вулусволии Бунер, воқеъ дар 100-километрии Исломобод истифода карданд. Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон рӯзи ҷумъа ҳушдор дод, ки нақзи оташбас ҳукуматро ба бознигарӣ кардани созиш маҷбур хоҳад кард. Мақомоти Покистон дар вилояти шимолу ғарби ин кишвар таҳаввулоти ахири марбут ба Толибонро дар як нишасти изтирорӣ мавриди баҳс қарор доданд.
ИМА гуфтааст, ки аз вазъи амниятии Покистон амиқан нигарон аст. Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс гуфт:

"Рӯйдодҳое, ки дар Покистону Афғонистон мегузарад, дар маркази сиёсати хориҷии маъмурияти Обама қарор дорад. Бо ҳамин сабаб, тавре мебинед, маъмурият пешниҳод дорад, ки сармоягузории мустақим ба амнияти низомӣ ва тамонмандиҳои муқовимат бо ифротгароӣ афзоиш дода шавад".

Дар таҳаввулоти ахир ИМА мақомоти Покистонро дар сар задани чунин вазъ муттаҳам кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG