Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориши САҲА роҷеъ ба интихоботи Молдова


Як гузориши САҲА роҷеъ ба интихоботи моҳи ҷории Молдова ҳокист, ки ин раъйдиҳӣ назар ба соли 2005 дар фазои на чандон демократӣ ҷараён гирифтааст. Дар пайи эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонии 5 апрели Молдова ҳизби ҳокими коммунисти ин кишвар 50 дар сади курсиҳоро аз худ кард, аммо ин хабар ба тазоҳуроти эътирозии мардум бадал шуд, ки дар натиҷа ду нафар кушта ва 90 тан захмӣ гардиданд. Дар гузориши САҲА гуфта мешавад, ки нозирони ин созмон дар ҳарду давра чанд мавриди ғайриқонунии раъйдиҳиро мушоҳида кардаанд. САҲа менависад, ки ҳукумати Молдова дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ зидди чанд раҳбари мухолифин парвандаҳои ҷиноиеро барои аъмоли дар гузаштаи дур содиршуда оғоз, бознигарӣ ва дастраси умум кардааст. Созмони амнияту ҳамкории Аврупо инчунин гуфтааст, ки шеваи тартиб додани феҳрасти интихобкунандагон ҳам саволҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Мухолифин иддао доранд, ки коммунистҳо исми 400 нафари дигарро вориди феҳраст кардаанд, ки мурдаанд ва ё дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд. Дар ҳамин ҳол, рӯзи ҷумъа Ҳавер Солана, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо роҳ сӯи Кишиневро пеш гирифт, то ин ки бо ҳукумат ва раҳбарони мухолифин дидору гуфтугӯҳо анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG