Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ОДКБ нерӯҳои худро дар "Кант" афзоиш медиҳад


Раиси Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ Николай Бордюжа ҳини дидор аз Душанбе

Раиси Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ Николай Бордюжа ҳини дидор аз Душанбе

Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ қасди истифода аз пойгоҳи низомии “Манас” дар Қирғизистонро надорад.

Бо баёни ин матлаб Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД, баъд аз мулоқот бо президент Раҳмон дар Душанбе ҳамчунин гуфт, онҳо то кунун мавзӯъи “Манас”-ро баҳс накардаанд. Дар ҳоли ҳозир дар пойгоҳи “Манас” нерӯҳои амрикоӣ мустақаранд, ки қарор аст то шаш моҳи дигар берун раванд. Аммо Бордюжа гуфт, СПАД барои тақвияти нерӯҳо ва ҳузураш дар пойгоҳи ҳарбии “Кант” дар Қирғизистон талош мекунад. Вай афзуд, “Русия дар Қирғизистон пойгоҳи низомии “Кант”-ро дорад, ки барои иҷрои вазифаҳои нерӯҳои муштараки вокуниши сареи паймон истифода хоҳад шуд. Пойгоҳи “Кант” ба мақсади афзоиши тавони ҷангӣ тавсеа меёбад”.

Вале Николай Бордюжа гуфт, ки тавсеаи ин пойгоҳ бо вазъ дар минтақа бастагӣ дорад. Дабири кулли СПАД ҳамчунин аз таъсиси нерӯи зудамали муҷаҳҳаз дар доираи ин созмон дар ояндаи наздик иттилоъ дод. Ба қавли Бардюжа нерӯи зудамал на дар доираи як баталйон ё фирқа, балки фаротар аз он дар чаҳорчӯби як дивизия таъсис дода хоҳад шуд:

“Дар ҳоли ҳозир мо дар доираи СПАД як гурӯҳи зудамал дорем, ки аз ёздаҳ фирқа ё баталйон иборат буда, аз ҷониби кишварҳои минтақа эътироф шудааст. Вале фаъолияти нерӯи зудамали муҷаҳҳаз густардатар аст ва бо шеваи аэромобайл, яъне зудрас кор мекунад. Дар сурати пеш омадани зарурат ин нерӯ расидагӣ хоҳад кард”.

Ва муҳимтар аз ҳама, ба гуфтаи Бордюжа, вазифаи аслии ин нерӯ мубориза алайҳи терроризм, тундгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир дар минтақа аст. Бордюжа гуфт, ин мавзӯъ ва ҳамкориҳо дар бахши низомиву сиёсӣ дар шӯрои сарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ моҳи июн дар Маскав баҳс хоҳанд шуд.

Ба Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳафт кишвари собиқ шӯравӣ - Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд. Созишномаи амнияти дастаҷамъӣ миёни ин кишварҳо соли 1992 имзо шуда буд. Тибқи қарордод, кишварҳои узви Созмон дар сурати мавриди ҳамла қарор гирифтани яке аз ин кишварҳо кӯмак, аз ҷумла, кӯмаки низомӣ расонанд.

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба нақши умда ва асосӣ доштани Русия дар ин созмон бархе аз коршиносон мегӯянд, ки яке дигар аз аҳдофи ин Паймони низомӣ ҷилавгирӣ аз ҳамкории наздики кишварҳои собиқи шӯравӣ бо НАТО мебошад. Ҳамчунин таъкид мешавад, ки ин Созмон дар ҷиҳати дифоъ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ аз ҷануб, манзур, аз Афғонистон дорои аҳамият аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG