Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши интиҳории Ироқ 55 нафарро куштааст


Полиси Ироқ мегӯяд, ки ду бомбгузори маргталаб худро дар назди дарвозаи як масҷиди мӯътабари шиаёни Бағдод мунфаҷир карданд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 55 нафар ба ҳалокат расида беш аз 100 тани дигар захм бардоштанд. Ҳодисаи мазкур дар даромадгоҳи масҷиди Имом Мӯсо Ал-Қадим, дар як маҳаллаи шианишини Қадимия рӯй дод. Ҳамлаи мазкур як рӯз баъди ду таркиши интиҳории даҳшатноке дар Бағдод ва вилояти Диёла рӯй дод, ки 90 нафарро кушта бар ҷой гузошт.
Ҳодисаҳои ахир бо афзоиши нигарониҳо аз болоравии мавҷи хушунатҳо баъди шурӯи тарки хоки Ироқ кардани нирӯҳои амрикоӣ дар моҳи июни имсол, ки бояд то охири соли 2011 идома кунад, мувофиқ меояд. Ҳоло шакку нобоварии зиёде дар заминаи тавонмандиҳои полис ва артиши Ироқ барои таъмини амният дар ин кишвар ба гӯш мерасад.
XS
SM
MD
LG