Пайвандҳои дастрасӣ

Таърихи нави ифтитоҳи кори Сангтӯда-1


Ифтитоҳи агрегати чаҳоруми нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 дар таърихи 15 майи соли ҷорӣ дар назар гирифта шудааст. Рӯзи ҷумъа Асадулло Ғуломов, муовини нахуствазири Тоҷикистон ин нуктаро дар ҳузури муовини нахуствазири Русия Игор Сечин, ки бо як сафари расмӣ дар Душанбе ба сар мебарад, ба хабарнигорон баён кард. Арзиши сохтмони нирӯгоҳи барқии обии Сангтӯда-1 - 720 миллион доллар арзёбӣ шудааст, ки асосан бо сармоягузории Русия бунёд мешавад. Ин нирӯгоҳ дар 200-километрии ҷануби Душанбе бар фарози рӯдхонаи Вахш сохта шуда интизор меравад, ки соле 2,7 миллиард киловатт соат барқ тавлид кунад. Нақшаҳои ифтитоҳи агрегати чаҳорӯми ин нирӯгоҳ аз моҳи феврал ба ин сӯ чандин бор мутаваққиф шудааст ва сабаби таъхир дар қарзи Тоҷикистон дар баробари ин корхона мебошад. Аммо рӯзи ҷумъа Интерфакс ба саволи хабарнигорон оид ба вазъи қарз гуфт, ки "ин масъала дигар аз байн рафтааст" ва ишора кард, ки он пардохт шудааст. Аммо тафсилоти бештари ин бахши масъала дар даст нест. Қарзи мазкур дар ҳудуди 10 миллион доллар арзёбӣ шудааст.
Тоҷикистон умедвор аст, ки бо шурӯи пурраи кори нерӯгоҳи Сангтӯда-1 то охири соли 2011 сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ҳам, ки бо саҳми Эрон бунёд мешавад, анҷом хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG