Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошт бо иттиҳоми ифротгароӣ


Хабаргузории Интерфакс мегӯяд, ки дар вилояти Тюмени Русия дар як ҳафтаи гузашта ду ифротгаро боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбакистон мебошанд. Сокини Ӯзбакистон, назар ба иттилои полиси маҳаллӣ, 40 сол дошта узви як созмони ифротгарои мазҳабӣ будааст. Вай аз соли 2007 ба ин сӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, мегӯяд полиси рус. Рӯзи 20 апрел, назар ба хабари маркази зиддитерроризми идораи умури дохилаи вилояти Тюмен, як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон боздошт шуд, ки аз соли 2008 ба ин сӯ мавриди пайгарди қонун қарор дошта "барои ташкили як созмони ифротгарое" муттаҳам мешавад. Феълан ин ду боздоштшуда дар изолятори тафтишотии Тюмен нигаҳдорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG