Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷосуси асосии Русия аз вазифа сабукдӯш шуд


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев бо як амри худ раиси хадамоти марказии ҷосусиро аз вазифааш барканор кард. Дар изҳороти дафтари матбуотии Кремл гуфта мешавад, ки Валентин Корабелников бо ҷоизаи "Барои хизмати Ватан" мукофотонида шуда аз вазифааш сабукдӯш шуд. Дар ҳоле, ки сабабҳои барканор шудани Корабелников мушаххас нест, матбуоти русӣ тахмин мезанад, ки эҳтимолан тасмими Медведев бо ҷанги порсолаи Русияву Гурҷистон вобаста бошад. Ҷои ӯро дар ин мақоми муҳими ситоди муштараки Вазорати дифои Русия Александр Шляхтуров ишғол кард.
XS
SM
MD
LG