Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

94-умин солгарди куштори арманиҳо дар Туркия


Рӯзи 24 апрел Арманистон маросими 94-уми ёдбуди қурбониҳои кушторҳои ҷамъии арманиҳоро аз ҷониби Туркони усмонӣ дар ҷараёни Ҷанги якуми ҷаҳон баргузор кард. Ҳазорҳо сокинони маҳаллӣ аз хиёбонҳои марказии Ереван гашт карда гулчамбарҳои худро зери лавҳаи ёдгории, ба қавли арманиҳо "наслкушии" яку ним миллион арманиҳо аз ҷониби туркони усмонӣ гузоштанд. Туркия омори қурбониҳоро ба маротиб камтар нишон дода аслан истилоҳи геносид ё наслкуширо дар нисбати ин ҳодиса қабул надорад. Дар ҷараёни музокираҳое, ки бояд ҳамакнун дар миёни Анкараву Ереван пиёда шавад, масъалаи наслкушӣ дар баробари нақшаҳои бозкушоии марзи Арманистону Туркия низ ба баррасӣ гирифта шавад. Аз соли 1993, замони бар сари минтақаи ҷудоихоҳи Қаробоғи Кӯҳӣ бо Озарбойҷон, муттафиқи наздики Туркия вориди даргирӣ шудани Арманистон, марзи миёни ин ду кишвар баста будааст.
XS
SM
MD
LG