Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Амрико аз Арманистону Туркия


Муовини раиси ҷумҳурии ИМА Ҷо Байден дар як сӯҳбати телефонӣ бо президенти Арманистон Серж Саркисян созишномаи миёни Арманистону Туркия имзошударо, ки қабули харитаи роҳеро барои оддисозии равобити миёни ду кишвар дар назар мегирад, истиқбол кард. Масъулини амрикоӣ бо такя ба изҳороти ӯ гуфтанд, ки Байден ба мудирияти Саркисян "кафкӯбӣ" карда пуштибонии Обамаро аз сиёсати Арманистону Туркия ҳамчун аз ҳаракате ба самти барқарории равобит баъди солҳои дарози душманӣ истиқбол кардааст. Барак Обама дар марҳилаи номзад ба раиси ҷумҳурӣ будани худ куштори дастаҷамъии арманиҳоро дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон ҳамчун "наслкушӣ" ёд кардааст.
XS
SM
MD
LG