Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бордюжа ва сохтори нирӯҳои дастаҷамъии зудамал


Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷумъа дар Душанбе Дабири кулли созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт. Сайти расмии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки "таваҷҷӯҳи махсус ба ҳалли масоили ҳуқуқии ташкилдиҳӣ, ҳайат, фаъолият ва мавриду рохҳои истифодаи нерӯҳои дастаҷамъии зудамал зоҳир карда шуд". Хабаргузории Авасто аз қавли Бардюжа менависад, ки феълан ба ҳайати нирӯҳои дастаҷамъии зудамал 11 баталйон шомил аст, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ амал хоҳанд кард. Вай афзуд, ки ташкили нирӯҳои дастаҷамъии зудамал дар назар мегирад, ки ба ҳайати онҳо "на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки манотиқи Аврупои Шарқӣ ва Қафқоз ҳам шомил хоҳанд шуд". Авасто аз қавли Бардюжа шарҳ додааст, ки нирӯҳо на аз баталйонҳо, балки аз сохторҳои низомии мисли бригада ва ё дивизияҳо иборат хоҳад шуд ва "як шарти муҳим дар ин ки онҳо тавони зуд дигар кардани макони истиқрори худро дар қаламрави кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ" хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG