Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салимзода: "Парвандаи ҷиноӣ боз намешавад"


Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва назорати давлатии молиявӣ мегӯяд, ки ба таври расмӣ натиҷаҳои аудити Бонки Миллиро аз ҷониби ширкати бритониёии «Ernst and Young» дастрас накардааст. Шерхон Салимзода, раиси ин оҷонс дар мулоқоти имрӯзааш бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки "Натиҷаҳои нашршудаи аудит наметавонад баҳонае барои ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ бошад". Оқои Салимзода гуфтааст, ки бар асоси гузориши аудит бояд ин оҷонс таҳқиқоти худро анҷом диҳад "ва ин кор дар наздиктарин фурсат смурат хоҳад гирифт". Бар тибқи гузориши ахири ширкати бритониёии «Ernst and Young», ки дар саҳифаи расмии Бонки Миллии Тоҷикистон нашр шудааст, масъулияти аслии истифодаи ғайриҳадафмандонаи пулҳое, ки аз ҷониби Сандуқи байналмилалии асъор барои мубориза бо фақр ба Тоҷикистон дода шудааст, ба дӯши раиси пешини ин бонк ва муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов вогузор шудааст. Гузориши аудит ҳокист, ки дар миёни солҳои 2004-2007 - 221,5 миллион доллари соҳаи пахтакорӣ нопадид шудааст. Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон дар сӯҳбат бо матбуоти тоҷик гуфтаанд, ки баррасии ин гуна парвандаҳо ба дӯши оҷонсии мубориза бо коррупсия ва назорати давлатии молиявӣ аст.
XS
SM
MD
LG