Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоми нави СБП барои кишварҳои бенаво


Мудири иҷроии СБП -- Доминик Штраусс-Каҳн, дар нишасти хабарӣ, 23 апрели соли 2009.
Мудири иҷроии СБП -- Доминик Штраусс-Каҳн, дар нишасти хабарӣ, 23 апрели соли 2009.

Шӯрои мудирони иҷроии Cандуқи байнулмилалии пул (СБП) тасмим гирифт, реҷаи қарзро барои фақиртарин кишварҳои ҷаҳон ду баробар зиёдтар кунад.

Дар изҳороти ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ гуфта мешавад, осонтар кардани шароити қарзгирӣ аз СБП бо назардошти вазъи ҷаҳонӣ пеш омада, ба кишварҳои бенаво дар коҳиши зарбаи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ кӯмак хоҳад кард.

Тоҷикистон дар қатори 78 кишвар ва қаламрав аз феҳрасти ширкаткунандагони барномаи мубориза бо фақр ба чунин имтиёз ноил гаштааст. Аз ин имтиёз ҳамчунин Арамнистон, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷон, Узбакистон ва Қирғизистон низ бархӯрдор хоҳанд буд.

Аз рӯи қоидаҳои Cандуқи байнулмилалии пул бузургтарин ҳадди қарзгирии ҳар кишвар бо саҳми милли он дар дороии ин ниҳод ваобастааст. Ба иллати бӯҳрони ҷаҳонӣ ахиран аз ин қоида чашм пӯшида мешавад.

Сарони СБП мегӯянд, пас аз ихтисоси 100 миллиард доллар ба он аз тарафи Ҷопон, сармояи умумии сандуқ ба 350 миллиард доллар расида, барои чунин кӯмакҳо кофист. Қарор аст, Иттиҳоди Аврупо боз 75 миллиард евро ба СБП ворид кунад.
XS
SM
MD
LG