Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фоҷеаи Зоркӯл: Кӣ гунаҳкор?


Се сарбози сармозада пас аз 12 рӯз ва ҷасади се сарбози дигари бар асари тарбод роҳгумзадаи қисми марзбонии ноҳияи Ишкошим пас аз 16 рӯз бо роҳбаладии нозирони мамнӯъгоҳи Зоркӯл Фарҳод Таваллобеков ва Имомёр Равшанов ёфт шуданд.

Ба гуфтаи нозирон моҳҳои март-апрел дар Зоркӯл авзои боду ҳаво ниҳоят бад ва ҳаракати нақлиёт бар асари тарбод номумкин шуда, чупонон ва нозирони мамнӯъгоҳ дар ин рӯзҳо кӯшиш мекунанд, аз ҳаракат ба ҷойҳои дур худдорӣ варзанд. Онҳо баён доштанд, ки аммо фармондеҳии қисми марзбонӣ бидуни ба назар гирифтани шароити иқлими баландкӯҳҳо гурӯҳро барои барқарор кардани алоқаи аз кор монда дар як нуқтаи дидбонгоҳии дурдаст ва иваз намудани баст сафарбар намудааст.

Имомёр Равшанов изҳор дошт, ки вай афсари қароргоҳи марзбонӣ Амонбек Давлатқадамов ва сарбозонро аз хатари эҳтимолӣ огоҳ намудааст, аммо онҳо бояд фармонро иҷро мекарданд ва ӯ бо автомашинаи худ 20 километри дигар онҳоро бурда бурдааст ва дар пеш пойи пиёда тай намудани роҳи дароз онҳоро интизор будааст.

Ба гуфтаи нозирони мамнӯъгоҳ, фоҷеа ҳангоми бозгашти гурӯҳи шашнафараи иборат аз чаҳор сарбоз ва ду афсар дар пайи шиддат гирифтани барфбод ва роҳгум заданашон оғоз шудааст. Пас аз пайгардиҳои зиёд яке аз афсарони бемадоршуда изҳор доштааст, ки вай дигар маҷоли ҳаракат кардан надорад, бинобар ин ӯро ба ҳолаш гузошта, дигарон барои халосии ҷонаш бояд ба пеш ҳаракат кунанд. Аммо сарбозон садоқат нишон дода, афсарро тарк намекунанд.

Фарҳод Таваллобеков гуфт, бо эҳсоси бештари хатар ва умеди пайдо намудани сарпаноҳ нозирони мамнӯъгоҳ ва ба кумак хостани онҳову наҷот бахшидани дигарон як афсари дигар бо ду сарбоз ба ҷустуҷӯ мепардозанд, аммо касеро намеёбанд ва хаста шуда, аз роҳгардӣ мемонанд.

Барои то роҳи мошингард овардани сарбозони тоҷик маҷбур шудаанд аз сокини он тарафи рӯдхона - Афғонистон кумак пурсанд ва як қирғизи афғонистонӣ як шутур ва ду аспро дар ихтиёрашон гузоштааст ...
Фарҳод Тавваллобеков гуфт, ки дар рӯзи нуҳуми гум шудани сарбозон ҳарбиён ба кофтукоб баромаданд ва се нафари зиндамондаро вай бо ҳамроҳии афсари қисми марзбонӣ Азизқулов дар даруни айлоқи партофташудаи чӯпони сармозада ва нимҷон дарёфтанд. Вай баён дошт, ки сарбозон ба ғайр аз силоҳ дигар ҷиҳозҳои лозимро партофта буданд ва ҳатто барои гулхан даргирондан ва худро гарм кардан гугирд надоштанд.

Ба гуфтаи Фарҳод Таваллобеков, то роҳи мошингард овардани афсар ва сарбозони пойҳояшон сармозада маҷбур шуданд аз сокини он тарафи рӯдхонаи Афғонистон кумак пурсанд ва Пирназар, як қирғизи афғонистонӣ, як шутур ва ду аспро дар ихтиёрашон гузоштааст. Пас аз чанд рӯзи дигари ҷустуҷӯ Фарҳод ва хизматчиёни қисми марзбонӣ ҷасадҳои се тани дигарро аз зери барф дар наздикии маҳалли Башгумбаз пайдо намуданд.

Ба гуфтаи Имомёр Равшанов, дар Зоркӯл қаблан ҳодисаҳои роҳгум задани сокинони маҳаллӣ ҷой доштаанд. Вай гуфт, ки чанд сол пеш чаҳор нафар чӯпони маҳаллӣ дар ҳамин мавсим роҳгум зада, ба ҳалокат расиданд.

Фарҳод Таваллобеков аз фоҷеаи писараке, ки мехост сумалаки наврӯзиро ба падараш ба армуғон барад, аммо роҳгум зада ҷасадашро пас аз 27 рӯз пайдо карданд, ёдовар шуд.

Вале оё ҳодисаи марги сарбозон ва сармо заданашон хунукназарии масъулини қисми марзбонӣ буд ва ё офати табии? Додситони ҳарбии гарнизони Хоруғ Фармон Шарифов гуфт, ки онҳо пас аз таҳқиқи пурраи ҳодиса хулосаи худро эълон мекунанд.

Мамнӯъгоҳи Зоркӯл бештар аз 77 ҳазор гектар масоҳат дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG