Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олӣ: бозиҳои даври 4-ум


Бозиҳои даври 4-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 25-ум ва 26-уми апрел барпо мешаванд.

Рӯзи шанбе ду бозӣ сурат мегирад. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ бо ССКА «Помир»-и Душанбе рақобат мекунад. «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен бо дастаи меҳмон - «Гвардия»-и Душанбе - рӯбарӯ хоҳад шуд.

Се бозии дигар рӯзи якшанбе барпо мегардад. «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бо «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бо «Энергетик»-и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо тими меҳмон - «Хуҷанд»-и Хуҷанд - бозӣ хоҳанд кард.

Баъди даври севум дастаҳои «Вахш», «Парвоз» ва «Хуҷанд», ки ба мағлубият дучор нашудаанд, натоиҷи мушобеҳ - 7-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Вахш» дар ҷои аввал, «Парвоз» дар ҷои дуввум ва «Хуҷанд» дар ҷои севум қарор доранд.

«Регар» ТадАЗ, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, бо 6 имтиёз дар зинаи 4-ум ҷойгир шудааст.
XS
SM
MD
LG