Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба вазъи дзюдо дар Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар ин мавзӯъ сӯҳбате дорем бо раиси Федеросиюни гуштии дзюдои Тоҷикистон Нуруллоҳ Лоиқов.
Инчунин ба шунавандагони маҷалла хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон пешкаш мешаванд.

Президенти УЕФА – Иттиҳодияи футболи Аврупо Мишел Платини пешниҳод кард, ки дар мавриди фарёдҳои нажодпарастонаи мухлисон бозиҳо мутаваққиф шаванд. Вай гуфтааст: «Агар чунин ҳолат рух диҳад, бозӣ бояд 10 дақиқа қатъ гардад ва дар ин бора дар варзишгоҳ ба мухлисон иттилоъ дода шавад. Агар авбошии мухлисон идома ёбад, бозӣ тамоман қатъ мегардад».

Ёдовар мешавем, бошгоҳи собиқи Платини - «Ювентус»-и Итолиё барои фарёдҳои нажодпарастонаи мухлисонаш унвонии бозигари сиёҳпӯсти ҳариф, ҳамлагари «Интер» Марио Балотелли дар бозии даври 32-юми серияи «А», маҷбур аст, ки бозии навбатиашро дар майдони худ бидуни мухлисон анҷом бидиҳад.

Капитани тими мунтахаби футболи Итолиё Фабио Каннаваро аз ғазаби мухлисони ашаддии бошгоҳи «Ювентус» наҳаросида, ба Турин баргаштанист. Каннаваро ҳоло дар тими «Реал»-и Мадрид бозӣ мекунад, вале қарордоди вай бо бошгоҳи испанӣ охири ин мавсим ба анҷом мерасад ва ӯ бо «Ювентус» гуфтушунид дорад.

Каннаваро «Ювентус»-ро баъди он ки ба иллати моҷарои бозиҳои тавофуқӣ ба серияи «В» гузаронданд, тарк намуда буд. Як қисми мухлисон бар ин назар буданд, ки бозигари 35-сола бошгоҳашонро фурӯхтааст.

Каннаваро мегӯяд» «Ман ҳамеша мехостам ба «Ювентус» баргардам. Ман дар ин ҷо ду мавсими бисёр хубро гузарондаам. Соли 2006 мухлисон интизор буданд, ки ман дар бошгоҳ мемонам, вале ман ҳазорҳо бор фаҳмондам, ки барои чӣ рафтам. Ман дар ин бора нороҳат нестам, танҳо мехоҳам бо мухлисон гуфтугӣ кунам».

Сармураббии «Ювентус» Клаудио Ранйери хоҳиши бозгашти Каннавароро ба варзишгоҳи «Олимпико» дастгирӣ менамояд. Вай гуфтааст, ман ба синни Каннаваро шубҳа доштам, вале маро имкони ба даст овардани чунин бозигар ба даста ва боз ройгон тасхир кардааст.

Андрей Аршавин, ҳамлагари тими футболи «Арсенал»-и Лондон ва мунтахаби Русия, қаҳрамони аслии дидори ин даста бо «Ливерпул» гардид. Дар бозии марказии даври 33-юми чемпионати Инглистон Аршавин барои бори аввал дар манзалати ҳирфаӣ покер кард, яъне дар як бозӣ чаҳор гол ба самар расонд. Вале ин фақат имкон дод, бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба анҷом расад. Дар дақиқаи севуми замони изофӣ бозигари мизбонон Бенаюн баъди ҳуҷуми қотеъона ҳисобро баробар кард - 4 бар 4.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG