Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои розҳои низомии Роберт Гейтс


Роберт Гейтс, вазири дифои Амрико
Роберт Гейтс, вазири дифои Амрико

Роберт Гейтс, вазири дифои Амрико, гуфт, дар ҳоле, ки эҳтимоли ошкор шудани санадҳо дар бораи бозҷӯиҳои дурушт “ногузир” буд, пинҳон нигоҳ доштани он ҳам амали ғайривоқеӣ мебуд.

Дар нахустин изҳороташ дар мавриди ин мавзуи баҳсбарангез, бо вуҷуди нигарониҳо дар бораи дифои афсарони Маркази кафши Амрико ё «Си-Ай-Эй» аз таъқиби қонун ва эътирозҳои эҳтимолӣ алайҳи нерӯҳои ИМА дар Ироқу Афғонистон, Гейтс ишора намуд, ки ифшо шудани ёддоштҳои даврони ҳукуматдории Ҷорҷ Бушро дастгирӣ мекунад.

Гейтс гуфт, таҳқиқҳои Конгресс ва чанд парвандае, ки ҷараён дорад, имкон намедиҳанд маълумот дар бораи ин ёддоштҳоро пинҳон нигоҳ дошт. Дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон вай эълон намуд, ки пинҳон кардани ҳамаи ин маълумот як амалӣ ғайриимконпазир аст ва ҳукумат бояд бо вазъи ба амал омада сарукор дошта бошад.

Зимни боздидаш аз пойгоҳи низомии Камп Леҷеун дар Каролинаи Шимолӣ вай гуфт, “эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки бахши бузурги ин ҳуҷҷатҳо ифшо мегарданд ва бахши бузургаш аллакай дастраси ҳамагон шудааст”.

Раҳбари кунунии вазорати дифоъ ва собиқ раиси «Си-Ай-Эй» гуфт, тасмими ифшои ёддоштҳо бисёр мушкил гирифта шуд ва ин мавзӯъ минёи мақомдорони зидахл баҳсу мунозираи зиёдеро ба бор овардааст. Гейтс гуфт, ки нигаронии аслии вай ин тазмини мавриди таъқиби қонун қарор нагирифтани афсарони «Си-Ай-Эй» буд. Манзури вазири дифоъ он афсароне буданд, ки бо фармони раҳбаронашон замони ҳукуматдории Ҷорҷ Буш боздоштшудагонро бо шеваҳои сахт ва мамнӯъ бозпурсӣ мекарданд. Гейтс афзуд, ки ин афсаронро бояд аз тамоми намуди таъқиби қонуни ҳимоят намуд.

Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури амрико Барак Обама гуфтааст, ки бо сабаби он, ки ин афсарони «Си-Ай-Эй» фармонҳои раҳбаронашонро иҷро мекарданд, алайҳи онҳо набояд парвандаҳои ҷиноӣ боз шаванд. Роберт Гейтс замони ҳукуматдории Ҷорҷ Буши калонӣ раҳбарияти «Си-Ай-Эй»-ро ба зимма дошт.

Вокуниши Гейтс дар ҳоле садо дод, ки Барак Обама ҳафтаи ҷорӣ гуфт, барои таъқиби қонунии мақомдорони аршад дар робита ба бархурд бо боздоштшудагон дарҳоро боз мемонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки даъватҳо барои таъсиси комисияи вижаи таҳқиқи тактикҳои “ҷанг алайҳи террор”, аз ҷумла истифодаи баъзе усулҳои дурушти бозҷуӣ, садо медиҳанд.

Гейтс афзуд, ки ифшои ёддоштҳо ӯро дар мавриди ба амал омадани вокунишҳои шадид дар Ховари Миёна сахт нигарон мекунад. Вай гуфт, ки ин иқдом ба нерӯҳои амрикоии мустақар дар он кишварҳо таъсири манфӣ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG