Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Роберт Гейтс ба Покистон


Роберт Гейтс – вазири дифоъи Амрико аз раҳбарони Покистон хост, монеъи густариши нуфузи Толибон дар ин кишвар шаванд. Вай гуфт, нокомӣ дар роҳи муқобила "бо ин хатар" ба равобити Амрикову Покистон латма хоҳад зад. Ҳангоми суханронӣ дар як пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳида дар аёлати Каролинаи Шимолӣ Роберт Гейтс гуфт, раҳбарони Покистон медонанд, ки Толибон хатаре ба мавҷудияти ҳукумати демократии кишвар аст. Роберт Гейтс афзуд, ҳукумати босубот дар Покистон барои мубориза бо Толибон ва Алқоида дар Афғонистон бисёр муҳим аст. Ҷангҷӯёни Толиб, ки ба як ноҳияи дигари Покистон ворид шудаанд, яке аз маъмурони амниятиро куштанд, ки онҳоро ҳукумат барои ҳифзи идораҳои давлатӣ ва пулҳо ба ноҳияи мазкур фиристода буд.
XS
SM
MD
LG