Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хушнудии Русияву Арманистон аз ...


Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия ва ҳамтои армании ӯ Серж Саркиссиён аз пешрафт дар роҳи ҳалли муноқишаи Арманистон ва Озарбойҷон ситоиш кардаанд. Русия барои ҳалли муноқишаи Кӯҳистони Қаробоғ, ки Озарбойҷону Арманистон соли 1990 бар сари он ҷангидаанд, миёнҷигарӣ мекунад. Дмитрий Медведев зимни як нишасти хабарии муштарак бо Серж Саркиссиён дар ҳошияи шаҳри Маскав гуфт, талошҳо барои рафъи низоъ ба самти дуруст ҳаракат мекунад. Раиси ҷумҳури Арманистон гуфт, аз он “хушнуд” аст, ки Озарбойҷон баёнияҳои пештараашро канор гузоштааст. Озарбойҷон дар гузашта гуфтааст, омода аст, барои хотима додан ба муноқишаи тӯлонии Қаробоғ аз нерӯи низомӣ ҳам истифода кунад.
XS
SM
MD
LG