Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ рӯзи сиёҳеро пушти сар кард


Бар асари ду бомбгузории маргталабона дар Ироқ дирӯз дасти кам 80 нафар кушта шуданд. Дар ҳамлаи маргбор дар як ресторани шаҳри Муғдодия дар шимолушарқи шаҳри Бағдод тақрибан 50 нафар, аз ҷумла чанд зойири эронӣ ҳалок ва 55 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин ресторан зойирони ирони озими шаҳри Карбало доштанд, ҷамъ омада буданд. Дар ҳамлаи дуввум ҳам, ки дар маҳалли шимолушарқии Бағдод ба вуқӯъ пайваст, 30 тан аз ҷумла кӯдакон ба ҳалокат расиданд. Бомбгузори маргталаб худро дар ин маҳал дар миёни издиҳоми афроде мунфаҷир кард, ки барои гирифтани кӯмакҳои ғизоӣ мунтазир буданд.
XS
SM
MD
LG