Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Роберт Зеелик ба Ислом Каримов


Раиси Бонки ҷаҳонӣ Роберт Зеелик дар номаи ҷавобиаш ба раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, ки матбуоти Узбакистон нашр кард, навиштааст, ки ин ниҳод бо нигаронии Тошканд дар мавриди бунёди нирӯгоҳҳои ҷадид дар минтақа мувофиқ аст. Оқои Зеелик навиштааст, ки бо нигаронии Узбакистон дар мавриди мувозинати осебпазири экологӣ дар минтақа ва зарурати таъмини ин замонат, ки истифода аз зарфиятҳои гидроэнергетикӣ боиси коҳиши ҷараёни об барои кишварҳои поёноб нахоҳад шуд, ҳамфикр аст. Зеелик навиштааст, Бонки ҷаҳонӣ дар робита ба нирӯгоҳи Роғун танҳо ҷиҳати анҷоми омӯзиши муқаддамотии тарҳи мазкур тааҳҳуд супурда, ба вижа ба арзёбии пайомадҳои минтақавии ин тарҳ таъкид мекунад. Раҳбари Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ин ниҳод ба ин манзур як ҳайъати байналмилалии иборат аз коршиносони мустақилро таъсис хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG