Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Беларус ба Прага меравад


Вазири хориҷаи Беларус Сергей Мартинов имрӯз таъйид кард, ки раиси ин ҷумҳурӣ Аляксандр Лукашенка дар нишасти қарибулвуқӯъи сарони ИА дар Прага ширкат хоҳад варзид. Лукашенкаро ба ин нишаст ҳафтае пеш Карел Швайтсенберг, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Чех, ки кишвараш раёсати давраии ИА-ро бар дӯш дорад, даъват кард. Ҳузури Лукашенка дар ҳамоиши Прага як нуқтаи чархиш дар сиёсати Минск талаққӣ мешавад, чунки Беларус тайи солиён ба далели таъқиби матбуоти мустақил ва мухолифинаш дар инзивоъи байналмилалӣ қарор дошт.
XS
SM
MD
LG