Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргирӣ дар марзи Афғонистону Эрон


Мақомоти афғон мегӯянд, задухӯрди байни нирӯҳои амниятии Афғонистону Эрон дар вилояти Нимрӯзи Афғонистон як марзбони Эронро кушта ба ҷо гузошт ва як сарбози дигари эронӣ боздошт шудааст. Генерал Сайфуллоҳ Ҳаким, раҳбари пулиси марзбонии Афғонистон, гуфт, сарбозони эронӣ ғайриқонунӣ вориди марзи Афғонистон шуданд ва ба ихтори марзбонони афғон гӯш надоданд. Ӯ афзуд, ҷасади марзбони кушташуда ва сарбози асируфтодаи эронӣ ҳарду ба ҷониби Эрон супурда хоҳанд шуд. Нимрӯз бо вилояти Систону Балуҷистони Эрон ҳаммарз буда, ин минтақа аз масирҳои умдаи қочоқи маводи мухаддир маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG