Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳусни нияти Туркманистон барои ҳамкорӣ бо Ғарб


Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов имрӯз дар ифтитоҳи як анҷумани байналмилалии энержӣ дар Ишқобод гуфт, кишвараш мехоҳад бо Ғарб ҷиҳати пайдо кардани роҳҳои нави диверсификатсияи содироти газ ҳамкорӣ кунанд. Анҷумани энержӣ имрӯз дар пойтахти Туркманистон бо ширкати ҳайъатҳои давлативу тиҷоратӣ аз Русияву Амрико ва кишварҳои ИА оғоз ба кор кард. Интизор меравад, дар ин ҳамоиш роҳҳои ба бозорҳои Ғарб пайвастани манобеъи энержии баҳри Хазар баррасӣ шавад. Туркманистон, бузургтарин содиркунандаи гази Осиёи Марказӣ, феълан газашро асосан тавассути Русия мефурӯшад. Аммо кишварҳои Аврупо ва Амрико аз бунёди лӯлаҳое наве пуштибонӣ мекунанд, ки манобеъи энержии минтақаро бидуни убури қаламрави Русияву Украина бо Ғарб бипайвандад.
XS
SM
MD
LG