Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Буниҳисорак боғи нав бунёд мекунанд


То як соли дигар дар минтақаи Буниҳисораки пойтахти Тоҷикистон як боғи нави фароғатӣ бунёд хоҳад шуд. Боғи нав, ки қарор аст, дар солгарди 20-уми истиқлолияти Тоҷикистон ифтитоҳ шавад, дар майдони 15 гектар сохта хоҳад шуд. Маросими гузоштани хишти аввали ин сохтмон дар Наврӯзи имсола доир шуда, акнун барои бунёди боғи Буниҳисорак озмуни байналмилалӣ эълон кардаанд.
XS
SM
MD
LG