Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Бунер эъзом шудани нирӯҳои Покистон


Покистон ба хотири дифоъ аз пулҳо ва таъсисоти давлатӣ нирӯҳои шибҳанизомиашро ба ноҳияи Бунер дар шимолу ғарби кишвар эъзом кард. Ин ноҳия ахиран таҳти назорати Толибон гузашт. Эъзоми нирӯҳои давлатӣ ба Бунер чанд рӯз баъд аз вуруди ҷангиёни водии Свот ба ин минтақа сурат гирифт. Толибон дар Бунер посгоҳҳо гузошта, ба дидбонии кӯчаву хиёбонҳо ва бозорҳои минтақа пардохтаанд. Ҷангиёни водии Свот дар пайи тасвиби қарордоди сулҳи давлат бо Толибон, ки ҷорӣ кардани қонунҳои шариъат дар ин водиро иҷозат медиҳад, вориди ноҳияи ба пойтахти Покистон, шаҳри Исломобод, наздиктари Бунер шудаанд. Кишварҳои Ғарб ва ҳамсоякишвари Афғонистон мегӯянд, ин муомила ҷангиёни толиб ва муттаҳидини онҳо аз шабакаи Ал-Қоидаро бештар рӯҳбаланд хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG