Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти фаъолони ҳуқуқи башар аз Ходорковский


Фаъоли маъруфи ҳуқуқи инсон Людмила Алексеева ва 8 гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар дар як номаи саркушода аз раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев хостаанд, муҳокимаи мунсифонаи парвандаи дуввуми алайҳи раҳбарони ширкати собиқи ЮКОС Михаил Ходорковский ва Платон Лебедевро тазмин бидиҳад. Фаъолони ҳуқуқи башар хостори дастрасии бидуни маҳдудияти нозирони байналмилалӣ ба додгоҳи Ходорковский ва Лебедев шуданд. Ин ду раҳбари ширкати нафти ЮКОС аз соли 2003 дар зиндон ба сар мебаранд ва акнун тибқи парвандаи ҷадид ба сирқати боз миллиардҳо доллар муттаҳам мешаванд. Аммо тарафдорони онҳо мегӯянд, давлат мехоҳад бо идомаи таъқиди Ходорковский аз нишастани ӯ ба раҳбарии ҷунбиши мухолифин ҷилавгирӣ кунад.
XS
SM
MD
LG