Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон гуфт, аз Покистон "таҳдиди марговар" меояд


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ҷорӣ шудани қонунҳои шариъат дар бахше аз қаламрави Покистонро ақибнишинии Исломобод дар муқобили Толибон номид ва гуфт, аз Покистон “таҳдиди марговаре” ба амнияти ҷаҳон бармеояд. Хонум Клинтон дар кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Конгресс дар мавриди тасмими раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ, ки бо тасвиби як қарордоди сулҳ бо ҷангиён татбиқи меъёрҳои шариъат дар водии Свот, 160-километрии Исломободро иҷозат дод, гуфт, ба бовари ӯ, давлати Покистон дар баробари Толибон ва ифротгароён ақиб нишаст. Бино ба хабарҳои дирӯза, ҷангиён бо вуҷуди қарордоди сулҳ бо давлат қаламрави нуфузи худро густариш дода, ноҳияи ба Исломобод наздиктари Бунерро таҳти назорат даровардаанд.
XS
SM
MD
LG