Пайвандҳои дастрасӣ

Ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба ҷанги танбатан дар шаҳри Хуҷанд бо пирӯзии дастаи мунтахаби мактаби варзишии бачагону наврасони вилояти Суғд ба анҷом расид.

Шогирдони ин мактаб Ҳасан ва Ҳусейн Мирзоевҳо, Фирдавс Аҳмадҷонов, Бурҳон Урунбоев, Нигина Пӯлодова ва Дилрабо Қудратова, инчунин, Хуршед Нуров ва Умед Нуриддинов, аз шаҳри Исфара, Ҷасур Умурзоқов, аз шаҳри Истаравшан, Азиз Рӯзиев, аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, Амин Ҷаъфаров ва Абдулкин Абдуллоев, аз шаҳри Хуҷанд, ва дигарон дар рақобатҳои инфиродӣ ҷойҳои аввалро касб карданд.

Ин мусобиқа бо ширкати беш аз 100 варзишгар дар маҷмаъаи варзишии «Юбилейний» баргузор шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG