Пайвандҳои дастрасӣ

"Партовгоҳҳои уран" дар Бишкек


Партовгоҳи уран дар Майлуусойи Қирғизистон.

Партовгоҳи уран дар Майлуусойи Қирғизистон.

Бо ибтикори ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳимояти молии Барномаи рушди СММ дар шаҳри Бишкек конфронси минтақаӣ баргузор шуд. Ин конфронс таҳти унвони «Партовгоҳҳои уран: оқибатҳо ва роҳҳои ҳалли глобалии он» сурат гирифт.

Намояндагони чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ -Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, ҳамчунин вакилони созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, гурӯҳи коршиносон перомуни роҳҳои ҳалли ин масъала мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта шуд, вазъи экологии минтақа аз таҳдиди партобаҳои маводи радиоактивӣ, ки аз замони шӯравии собиқ дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мондааст, беш аз пеш ба ташаннуҷи ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст.

Ба гуфтаи иштирокчиёни нишаст, аксарияти ин партобгоҳҳо дар наздикии минтақаҳои аҳолинишин воқеъ гашта, ба ҷони садҳо ҳазор сокини ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ ворид кардааст. Ба таъкиди онҳо, дар сурати заминларзаи шадид, кӯчидани теппаҳо ва ё ҳодисаҳои дигари табиӣ таҳдиди ин маводи радиоактив боз ҳам доман фарох хоҳад кард.

Маҳмадшариф Ҳақдодов, муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурии Тоҷикистон, таи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, дар қисмати шимоли кишвараш беш аз шаст сол инҷониб чунин партобгоҳи маводи уран мавҷуд аст. Вай гуфт, ин партобгоҳҳо ғайр аз он ки ба сокинони минтақаи шимоли кишвараш таҳдид намудааст, ҳамзамон ҳазорҳо сокини кишвари ҳамҷавори Ӯзбакистон низ ба хатари он мувоҷеҳанд. Таъкид гардид, ки конфронси Бишкек маҳз ҳамин масъаларо таҳти баррасӣ қарор додааст ва хатари он бидуни ҷалби сармоягузорони хориҷӣ рафъ нахоҳад шуд.

Ба гуфтаи Маҳмадшариф Ҳақдодов, таҷаммуъи тарҳи пешниҳодҳои вакилони соири кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди таҳияи як санад, ки дар чаҳорчӯби конфронси Бишкек ба тасвиб расидааст, ба конфронси байналмилалии Женева ироа карда хоҳад шуд, ки моҳи июни соли равон баргузор мегардад.

Ба гуфтаи коршиносон, дар қаламрави се кишвари Осиёи Марказӣ -Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон беш аз сад миллион тонна партобҳои маводи радиоактивӣ маҳфуз аст. Гуфта мешавад, бо пуштибонии МАГАТЕ, Барномаи рушди СММ, Иттиҳоди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони Атлантики шимолӣ ё НАТО, Созмони Авруосиё, САҲА ва донорҳои дигар дар ин маҳфузгоҳҳои маводи радиоактивӣ таҳқиқоти зиёд сурат гирифтааст. Коршиносон мегӯянд, аз рӯи натиҷаҳои ин таҳқиқот тавсияҳои мушаххас ироа гардидааст.
XS
SM
MD
LG