Пайвандҳои дастрасӣ

Бейрут "Пойтахти ҷаҳонии китоб" интихоб шуд


Бейрут, пойтахти Лубнон, имрӯз унвони ифтихории “Пойтахти ҷаҳонии китоб”-ро ба даст овард. Бейрутро барои як сол ҳамчун пойтахти рамзии адабиёти ҷаҳон ЮНЕСКО, идораи илму фарҳанги СММ, интихоб кардааст. Кумитаи интихоботии ЮНЕСКО гуфт, далели интихоби пойтахти Лубнон тамоюли ин шаҳр ба гуногунрангии фарҳангӣ, муколама ва ҳусни таҳаммул будааст. Бейрут, ба ин тартиб, тайи як соли оянда мизбонии як силсила нишастҳову анҷуманҳои адабиро, ки ташвиқи китобу китобхонӣ дар ҷаҳони Араб ва ҷустуҷӯи беҳтарин шоирону адибони то 40-солаи арабро ба ҳадаф доранд, бар дӯш мегирад. ЮНЕСКО бори аввал соли 2001 Мадрид, пойтахти Испанияро “Пойтахти ҷаҳонии китоб” интихоб карда буд. Бейрут дар ин мақоми ифтихорӣ ҷойгузини Амстердами Ҳолланд шуд ва соле баъд ин мақомро ба Любляна, пойтахти Словения месупорад.
XS
SM
MD
LG