Пайвандҳои дастрасӣ

Тендери Роғун ба наздикӣ доир мешавад


Тендер барои таҳияи асноди фанниву иқтисодӣ ва экологии тарҳи нирӯгоҳи Роғун ба наздикӣ баргузор карда хоҳад шуд. Пӯлод Муҳиддинов, муовини вазири энержии Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарии ин вазорат ҳамчунин хабар дод, ки то кунун 17 ширкат барои ширкат дар ин тендер дархост додаанд. Оқои Муҳиддинов афзуд, дар озмун ба ширкате бартарӣ дода хоҳад шуд, ки таҷрубаи фаровони байналмилалӣ дошта, аз ҷониби созмонҳои зидахли байналмилалӣ эътироф шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон ба манзури шурӯъи эҳдоси нирӯгоҳи Роғун дар буҷаи имсола 533 миллион сомонӣ ихтисос додааст.
XS
SM
MD
LG