Пайвандҳои дастрасӣ

Бордюжа имрӯз вориди Душанбе мешавад


Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа имрӯз сафари дурӯзааш ба Тоҷикистонро шурӯъ мекунад. Қарор аст, Бордюжа дар Душанбе бо раҳбарони вазоратхонаҳои интизомиву қудратии Тоҷикистон мулоқот кунад. Дар ҷараёни ин сафар дабири кулли ПАД масоили марбут ба таъсиси нирӯҳои муштараки зудамали ин паймон ва ҳамчунин вазъи сиёсӣ дар Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG