Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҳири Абдуҷаббор дар саҳафоти нашрияҳо


Аксари нашрияҳои чопи Душанбе хабари даргузашти Тоҳири Абдуҷаббор, пешвои ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ ва демократӣ дар Тоҷикистонро бозтоб дода, ва ба ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеаи Тоҷикистон пардохтаанд.

«Озодагон» навишт, имрӯз бояд парчамҳо поин меомад, имрӯз мебоист мотами умумӣ эълон мешуд, зеро озодтарин ва сарбаландтарин марди тоҷик моро тарк кард.

«Азия-плюс» нашрияи русизабони чопи Душанбе навишт, Тоҳири Абдуҷаббор пешво ва раҳбари ҳаракати демократӣ дар Тоҷикистон буд ва сухану амали ӯ барои замони худ ғайри маъмулӣ буд, ҳатто номе, ки ба ҳаракати озодихоҳиаш гузошта буд, «Растохез», барои он замон ғайримуқаррарӣ буд. Ва аксарияти коммунистҳо дар ҷомеа ва хоса порлумон ҳамеша ӯро маҳкум мекарданд. Аммо, менависад ин нашрия, вақт ҳақиқати Тоҳири Абдуҷабборро собит кард ва на як бор.

«Нигоҳ» менависад, «Маро фурӯхтан мумкин, вале харидан имкон надорад», ин принсипи зиндагии Тоҳири Абдуҷаббор буд. Ва суол мегузорад: Акнун ин принсипро дар Тоҷикистон касе метавонад идома диҳад?

«Миллат» чандин саҳифаи худро ба Тоҳири Абдуҷаббор ва назарҳо роҷеъ ба ӯ башида ва аз ӯ ба унвони бузургтарин рӯшанфикри замони худ ва намунаи барҷастаи рӯшанфикри тоҷик баъди Аҳмади Дониш, ёд кардаст. Мӯъмин Қаноат ба ин нашрия гуфтааст: «Тоҳири Абдуҷаббор шогирди мактаби хирадгароии Маҳатма Гандӣ буд. Мактабе, ки ҳама навъи хушунатро рад мекунад. Ҳатто инқилоби ҳамроҳ бо хушунатро низ.»

Ба гуфтаи устод Қаноат, Тоҳири Абдуҷаббор аз шахсиятҳои истисноии Тоҷикистони муосир буд ва олимона, орифона ва бо ахлоқи баланд ва беназири тоҷинона зистааст.

Ойниҳол Бобоназарова, аз роҳбарони вақти ҳаракатҳои демократӣ гуфтааст, Тоҳири Абдуҷаббор аз 63 соли умри худ лаҳзаеашро ҳам барои худ набахшид. Ӯ умри худро қурбони саодати миллаташ кард.
XS
SM
MD
LG