Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон мизбони як ҳамоиши бузург


Имрӯз дар шаҳри Ашқобод як конфронси байналмилалӣ дар мавриди таъмини амнияти энержӣ оғоз мешавад. Дар ин ҳамоиш, ки дар он тоҷирону мақомоти расмии Русия, Амрико ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ширкат хоҳанд кард, масъалаи интиқоли газу нафти минтақаи Хазар ба бозорҳои аврупоӣ баррасӣ мешавад. Туркманистон бузургтарин фурӯшандаи гази табии Осиёи Марказӣ ҳоло миқдори зиёди гази худро аз тариқи Русия ба кишварҳои Аврупо мефурӯшад. Аммо кишварҳои Аврупо ва Амрико тарафдори онанд, ки роҳҳои нави интиқоли газу нафт ва алтернативӣ пайдо карда шавад.
XS
SM
MD
LG