Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди сахти Клинтон аз Покистон


Ҳилларӣ Клинтон - вазири умури хориҷаи Амрико мегӯяд, ҳукумати Покистон ба Толибон таслим шудааст ва ҳоло ин кишвар барои амнияти ҷаҳонӣ “хатари марговар” эҷод мекунад. Ҳукумати Покистон чанде пеш ба Толибон иҷоза дод, қонунҳои шариъатро дар бахше аз кишвар ҷорӣ кунанд. Зимни посух ба суоли вакилони амрикоӣ доир ба ин тасмими Осиф Алӣ Зардорӣ - раиси ҷумҳури Покистон, хонум Клинтон гуфт, ба эътиқоди вай, ҳукумати Покистон бо он тасмимаш “ба Толибону тундравон таслим шудааст.” Бино ба гузоришҳо, ҷангҷӯёни Толиб рӯзи чаҳоршанбе дар як ҳаракате барои густариш додани доманаи нуфуз ба як ноҳияи наздиктар ба Исломобод пойтахти Покистон ворид шудаанд.
XS
SM
MD
LG