Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъйи Туркия ва Арманистон барои оштӣ


Вазорати умури хориҷаи Туркия эълом кард, ки ин кишвар ва Арманистон дар роҳи мусолиҳа ба ҳамдигар пешрафти хубе кардаанд. Ба гуфтаи вазорат, ду тараф ба сари барномаи амал ҷиҳати ба эътидол овардани равобит ба созиш расидаанд. Вазорати умури хориҷаи Туркия бо нашри баёнияе дар шоми чаҳоршанбе гуфт, тарҳи созиши ҳосилшуда ҳарду ҷонибро қаноатманд мекунад. Аммо як мақоми баландпояи ҳукумати Туркия гуфтааст, боз кардани марзи Туркияву Арманистон, ки соли 1993 баста шуд, “хориҷ аз дастур” аст. Туркия мехоҳад, то ки Арманистон дар баробари музокирот бо он кишвар ҳамзамон бо Озарбойҷон барои ҳалли масъалаи Кӯҳистони Қаробоғ гуфтӯгу кунад. Туркия бо нишони ҳимоят аз Озарбойҷон, кишвари дигари туркзабон марзҳояш бо Арманистонро бастааст.
XS
SM
MD
LG