Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши Ҳилларӣ Клинтон ба вакилон


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ҷилавгирии Эрон аз дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ барои Амрико як амри зарурист. Ҳилларӣ Клинтон, ки дар ҳузури вакилони Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси Намояндагони Амрико сухан мегуфт, мавзӯъи Эрон ва барномаҳои атомии онро дар садри дастури кори ҳукумати Амрико номид. Ба гуфтаи хонум Клинтон, агар музокирот дар бораи фаъолиятҳои атомии Эрон бенатиҷа анҷомад, бояд таҳримот ба зидди ин кишвар афзуда шавад. Ҳилларӣ Клинтон ҳамчунин ба вакилони амрикоӣ гуфт, ҷомеаи байналмилалӣ барои расидагӣ ба мушкили тундгароӣ дар Афғонистону Покистон аз наздик кор мекунад. Аммо гуфт, вай ҳукумати Покистон барои "халос хӯрдан аз Толибон" ба онҳо иҷоза додааст, то бахше аз кишвар қонунҳои шариатро ба иҷро гузоранд.
XS
SM
MD
LG