Пайвандҳои дастрасӣ

Дар долони бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ҳудудан 10 нафар аз даъватшудаҳо барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ навбат мепоиданд.

Барои муайян кардани қобили хизмат будан ё набудани онҳо дар сафи нерӯҳоии мусаллаҳ нахуст сиҳатии дил ва солимии узвҳои дигари бадани онҳо санҷида мешавад.

Раҳматулло Меҳтоҷови 19-сола, ки ба пуррагӣ аз муоинаи пизишкони комиссариати ҳарбӣ гузашта ва қобили хизмат дониста шудааст, мегӯяд, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ омадааст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи вай, дигар имкони саркашӣ аз пайвастан ба сафи нерӯҳои мусаллаҳро надоштааст.

Баҳриддин, мусоҳиби дигари мо, ҳамагӣ то синфи 9 таҳсил кардааст. Вай мегӯяд, баробари расидани синни хизматӣ ба комиссариати ҳарбӣ омадааст. Баҳриддин ихтиёрӣ омаданаш барои пайвасатан ба сафи нерӯҳои мусаллаҳро дар имкони интихоби воҳиди низомии дилхоҳ медонад.

Аммо Шамсулло Рашидов, пизишки комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур, аз он нигаронӣ мекунад, ки аз кулли даъватшудаҳо танҳо 25 дарсади онҳо қобили хизмат дониста шудаанд. Вай мегӯяд, ин бо ин мушкил ҳамасола ҳангоми даъвати ҳарбӣ рӯбарӯ меояд, ки аз шумораи зиёди даъватшудагон теъдоди андаки онҳо барои хизмат дар артиш кор меоянд. Зеро, ба таъкиди Рашидов, аксари ин ҷавонон аз дарди меъдаву гурда, ҷигар ва бемориҳои асаб ранҷ мебаранд.

Шамсулло Рашидов афзуд, танҳо пайвастани ҷавононе ба сафи нерӯҳои низомии кишвар иҷоза дода мешавад, ки комилан солим бошанд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз волидон ба ҳамин гуна саломат баргаштани фарзандонашон аз хидмати ҳарбӣ шубҳа доранд. Дар сӯҳбати телефонӣ бо мо яке аз чунин модарон гуфт, ки зиндагии сарбозӣ боиси он шудааст, ки писари вай ду бор ҷарроҳӣ шавад.

Вале Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати мудофиаи Тоҷикистон, мегӯяд, дар қиёс ба чанд соли гузашта шароити сарбозон дар артиш беҳтар шуда, бадрафториву хушунат ва ҳамчунин меҳтарсолорӣ нисбати наваскарон дар воҳидҳои низомии кишвар ба назар намерасад.

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки ахиран се сарбози қисми марзбонӣ дар Ишкошимро сармо зада ва ҷасади се сарбози дигар баъди чанд рӯзи ҷустуҷӯ пайдо шудааст. Ба гуфтаи афсари дидбонгоҳи қисми марзбонии Ишкошим, шамоли сахт ва барфу борон боиси роҳгум задани онҳо ҳангоми иваз кардани посдорон дар дидбонгоҳи дурдасти марзӣ гардидааст.

Ҳарчанд ба гуфтаи Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи идораи марзбонии Тоҷикистон, баъд аз пайвастан ба қушунҳои ҳарбӣ масъулияти нигоҳубини афсарон бар дӯши раҳбарони қисмҳои низомӣ вогузор мешавад, аммо мақомоти додситонии низомӣ фоҷеаи ба сари ин сарбозон омадаро танҳо ба вазъи номусоиди ҳаво марбут медонанд ва бо изҳори ҳамдардӣ ва ихтисоси миқдори маблағ ба хонаводаҳои онҳо иктифо меварзанд.

Бо ин ҳама мавсими баҳории даъвати сарбозон дар Тоҷикистон идома дорад ва масъулини вазорати дифои кишвар мегӯянд, ки то кунун бештар аз 80 дарсади нақшаи даъватро иҷро кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар даъватҳои соли гузашта мақомоти вазорати дифоъ барои ҷалби ҷавоонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ба мушкил мувоҷеҳ шуда, замони давъатро тамдид карда буданд.
XS
SM
MD
LG