Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси нахустин боғи миллӣ дар Афғонистон


Афғонистон нахустин боғи миллиашро таъсис дод. Мақомоти ин кишвар минтақаи пур аз кӯли Банди Амир дар вилояти Бомиёнро мамнӯъгоҳи табиӣ эълон карданд. Аммо ин қарор бояд аз сӯи парлумон низ тасвиб шавад. Маҳалли кӯлҳои Банди Амир дар солҳои 70 як минтақаи сайёҳӣ шинохта мешуд, вале сӣ соли ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон Банди Амирро ба харобӣ овард. Мақомот умедворанд, ки мақоми мамнӯъгоҳ Банди Амирро аз вартаи нобудӣ наҷот дода ва таваҷҷӯҳи сайёҳонро ба ин минтақа дубора ҷалб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG