Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адмирал Муллен вориди Вардаки Афғонистон шуд


Адмирал Майк Муллен, фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико, имрӯз бо як сафари эълонношуда вориди Афғонистон шуд. Ассошиэйтед Пресс навишт, ки адмирал Муллен дар вилояти Вардак иҷрои барномаи ҷадиди дифоъиро хоҳад омӯхт. Ин барнома шабеҳи тарҳест, ки Амрико ба хотири ҷалби қабилаҳои суннӣ дар Ироқ ба иҷро дароварда буд ва ҷалби довталабон аз қабилаҳои маҳаллӣ ба хотири дифоъи рустоҳо аз ҳамлаи ҷангиёнро дар назар дорад. Таъмини молии барномаро Амрико бар дӯш дошта, иҷрояш ба вазорати умури дохилии Афғонистон вогузор шудааст.

XS
SM
MD
LG